Суханони рӯзи чаҳоршанбеи имом Хоманаӣ бозтоби густардае дар расонаҳои ғарбӣ дошт, ки дар ин гузориш аз Порс тудей бархе аз онҳоро мехонед:
Суқӯти Сурия натиҷаи нақшаи Амрико ва Исроил буд
Хабаргузории “Reuters” дар гузорише навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯз чаҳоршанбе гуфт: Эрон қароине дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад, сарнагӯнии ҳукӯмати Башор Асад, раисиҷмҳури Сурия, натиҷаи нақшаи Амрико, Исроил ва яке аз ҳамсоягони Сурия буда, ки эшон номе аз он набурд.
“Reuters” афзуд: Туркия, ки узви НАТО аст, пас аз чандин ҳамлаи фаромарзӣ алайҳи шибҳи низомиёни курди сурӣ, бахшҳое аз арозии шимоли Сурияро ба кантроли худ дар овард ва аз оғози ҷанг дар Сурия дар соли 2011, яке аз ҳомиёни аслии гуруҳҳои мухолифи Асад будааст.
Раҳбари олии Эрон: Суқӯти давлати Сурия бахше аз нақшаи муштараки Амрико ва Исроил аст
“Associated Press” ҳам дар гузорише ба нақл аз телевизиони Эрон навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯйдодҳои ахири Сурия, аз ҷумла суқӯти давлати ин кишварро бахше аз нақшаи муштараки Амрико ва Исроил медонанд.
“Associated Press” ба нақл аз имом Хоманаӣ гуфт: Як кишвари ҳамсояи Сурия низ дар ин замина нақши ошкоре доштааст ва ҳамчунон ба ин нақш идома медиҳаду ҳама инро мебинанд. Мо қароине дорем ва ин қароин ҷое барои тардид боқӣ намегузорад.
Суқӯти Асад Эронро тазъиф намекунад
Хабаргузории Фаронса низ чунин гузориш дод: Оятуллоҳ Хоманаӣ дар аввалин суханронии худ пас аз суқӯти Асад гуфт, бархе бехабар аз маънои муқовимат, хаёл мекунанд бо тазъифи муқовимату суқӯти ҳукӯмати Асад дар Сурия, Эрони исломӣ ҳам заъиф хоҳад шуд. Эрон қавӣ ва муқтадир аст ва муқтадиртар ҳам хоҳад шуд.
Матбуоти англисӣ чӣ гуфтанд?
Умдаи матбӯоти англисӣ низ бахше аз баёноти раҳбари инқилобро бозтоб доданд, ки дар он ба нақши Амрико ва Исроил дар иттифоқоти Сурия ишора шудааст.
Вебсайти шабакаи хабарии Sky News навишт: Оятуллоҳ Хоманаӣ барои аввалин бор дар мавриди сарнагунии Башор Асад суханронӣ кард. Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки эшон таҳаввулоти ахирро ба тарҳи муштараки Амрико ва Исроил нисбат дод.
Торнамои рӯзномаи “Independent” ҳам гузориш дод: Оятуллоҳ Хоманаӣ, эълом кард, Эрон шавоҳиде дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад сарнагӯнии Башор Асад, натиҷаи тарҳе аз суи Амрико, Исроил ва яке аз ҳамсоягони Сурия буда, ки номе аз он набурд.
Ин нашрияи англисӣ афзуд: Суханони Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Исроил эълом карда беш аз 480 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи таъсисоти низомии Сурия анҷом дода, неруи дарёии ин кишварро нобуд карда ва анборҳои таслеҳоту зерсохтҳои стротежиро ҳадаф қарор додааст.
Торномаи рӯзномаи “Guardian” ҳам навишт: Раҳбари Эрон гуфт: Амрико ва Исроил пушти сарнагунии Башор Асад дар Сурия будаанд. Эшон ба муқассири дигаре ҳам дар ин замина ишора кард, ки баназар мерасад Туркия бошад.
Гуфтанист, Раҳбари Инқилоби Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи ҳазорон нафар аз ақшори мухталифи мардуми Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия ва меҳвари муқовимат суханронӣ карданд.